Published 3 months ago in Classical

Мино - Биё

  • 46
  • 0
  • 0
  • 0
  • 0
  • 0

Мино Баҳруллоева соли 1997 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш ҳангоми чорсола будани ӯ вафот намудааст, ки бори зиндагӣ бар дӯши модараш афтодааст. Мино дар оила фарзанди ягона набуда бародари бузургтар аз худаш дорад,ки дар ВКД ЧТ кор ва дар донишгохи байналмилалии (РУДН) Москав таҳсил мекунад. Даврони кӯдакии овозхон хело душвор гузаштааст. Модар онҳоро бо омӯзгориву кӯчарӯбӣ бузург кардааст[1]. Мино дар хурди духтари ором табиату кам гап буд ва модараш ӯро ба мактаби рақс дод. Ӯ ба рақс хелоҳам шавқи зиёд дорад. Аллакай дар синни 7 солагӣ Мино дар ансамбли «Падида» рақс мекард, ки маоши ночизе гирифта ба оилаашон кумак мекард[1]. Ӯ Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторовро хатм кардааст. Бо хоҳиши модараш Мино рақсро ба овозхонӣ иваз намуд. Модараш ба вай кумак мерасонад.

::
/ ::

Queue

Clear